ЗОИРОН ҲАНӮЗ АЗ ХУҶАНД БА МАШҲАД ПАРВОЗ НАКАРДААНД
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Гурӯҳи зоирони тоҷик ҳанӯз аз майдони ҳавоии Хуҷанд ба шаҳри Машҳад парвоз накардаанд. Тавре аз корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик эйр» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусофирони мазкур раводиди транзитӣ надоранд. Бинобар ин вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳавопаймои онҳоро қабул накардааст. Ташкилкунандаи сафари онҳо ба ҷойҳои муқаддаси ислом ширкати «Евротур» мебошад. Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои ширкати «Тоҷик эйр» 23 сентябр ба майдони ҳавоии Хуҷанд фуруд омад. Ҳавопаймои мазкур барои ба Машҳад бурдани гурӯҳи зоирон киро карда шуда буд. Вале ҳавопаймо бештар аз як шабонарӯз боз аз Хуҷанд парвоз карда наметавонад. Дар майдони ҳавоии Хуҷанд 97 нафар интизори ҳавопаймо мебошанд. Тибқи нақша, зоирин бояд аз Хуҷанд ба Машҳад ва аз он ҷо ба шаҳри Ҷидда парвоз кунад.Ҷониби Эрон хабар дод, ки зоирини тоҷикро 40 — нафарӣ дар давоми се рӯз ба Машҳад мерасонад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






