5 НАШРИЯ ДАР ЭРОН ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД

Ноябрь 14, 2008 15:35

               Душанбе, 14 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-5 ҳафтанома аз Тоҷикистон дар 15-умин намоишгоҳи байналмилалии матбуот ва хабаргузориҳо, ки аз 16-ум то 22-юми ноябр дар Теҳрон баргузор мегардад, иштирок менамоянд.              Намоишгоҳ бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ташкил карда шуда, дар он моли матбуот ва хабаргузориҳои 40 давлати ҷаҳон, хусусан кишварҳои минтақа ва Шарқи Наздик ба маърази тамошо гузошта мешаванд.                «Ҳадафи намоишгоҳ ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ миёни расонаҳои хабарӣ ва матбуоти кишварҳои минтақа мебошад»,- гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста.              Дар доираи баргузории намоишгоҳ иштирокчиён бо роҳбарони масъули сохтори марбутаи Эрон, сардабирони нашрияҳо, хабаргузориҳо ва Созмони садо ва симои ин кишвар дидору мулоқот намуда, бо фаъолияти матбуот ва хабаргузориҳо дар ин кишвар ошно мегарданд. Ҳамчунин, онҳо бо ёдгориҳои таърихии ин кишвар ва фаъолияти корхонаҳои саноатии он шинос мешаванд.

Ноябрь 14, 2008 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид