5000 ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ТАВОФИ ХОНАИ КАЪБА МЕНАМОЯНД

Ноябрь 5, 2008 14:40

        Душанбе, 5 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Соли равон 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати адои маросими ҳаҷи акбар тавофи хонаи Каъба менамоянд», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи ҳаҷ ва зиёрати  Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдусалом Раҷабов. 5 ҳазор ҷой дар асоси қарордоди  Вазорати ҳаҷи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Дар робита гурӯҳи аввалини шаҳрвандони Тоҷикистон 17 ноябр тавассути самти   хати сайри Душанбе –Ҷидда  ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар менамоянд. Сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷидда тавассути ҳавопаймоҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик Эйр» бо самти хатсайрҳои Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд сурат мегирад.        Маблағи умумии адои маросими ҳаҷ дар соли 2008-ум  2 ҳазору 990 доллари амрикоӣ мебошад, ки ба он тамоми сарфу хароҷот- чиптаи ҳавопаймо, истиқомат дар меҳмонхона барои як моҳ, хӯроки субҳ ва шом, хизматрасонии тиббӣ, ҳаққи роҳбаладон,  инчунин зиёрати ҷойҳои дигари муқаддас аз ҷумла,  Маккаи мукаррама ва  Мадинаи мунаввара, мавзеъҳои Арафот ва Мино дохил мешаванд. Бо вуҷуди оне, ки соли равон ҳаҷми маблағи умумии маросими ҳаҷи акбар 290 доллари амрикоӣ зиёд шуда бошад, дар қиёс бо дигар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон паст аст. Бояд зикр кард, ки маблағи умумии адои ҳаҷ дар соли гузашта 2 ҳазору 700 доллари америкоиро ташкил медод.           Дар мавриди адои маросими ҳаҷ  дар синну сол маҳдудият нест. Танҳо шахсоне, ки синнашон аз 80 боло аст ва саломатиашон чандон хуб нест бо худ бояд ҳамроҳ дошта бошанд. Ва шахсоне, ки қаблан хонаи Каъбаро зиёрат карданду ҳоҷӣ шудаанд,  имкон доранд, ки баъд аз панҷ сол боз сафари ҳаҷ намоянд.            Ҳамзамон,  Абдусалом Раҷабов зикр кард,  Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо имомхатибони масҷидҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  корҳои омодагӣ ва тарғиботиро дар масҷидҳо ҷиҳати омода намудани шаҳрвандон ба сафари ҳаҷ ба роҳ мондаанд. Дар соли равон ба ҳар 50 нафар шаҳрвандоне, ки тавофи хонаи Каъба менамоянд,  1 роҳбалад рост меояд. Роҳбаладон асосан аз намояндагони рӯҳониёни кишвар, онҳое, ки шарту шароити сафари ҳаҷ ва забони арабиро хуб медонанд,  интихоб карда мешаванд ва синнашон аз 25 то 60 сола бояд бошад. Ва алҳол роҳбаладон корҳои омодагиро бо гурӯҳҳои худ пеш бурда истодаанд.                  Инчунин, Абдусалом Раҷабов гуфт, ки соли дуюм мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон маросими ба ҷо овардани яке аз рукнҳои ҳаҷи акбар, яъне қурбонӣ карданро тариқи Бонки Исломии Рушд ба ҷо меоранд.

Ноябрь 5, 2008 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд