ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол тибқи нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан, ҳамешасабз, мевадиҳанда ва 9 095 140 дона гулу гулбуттаҳо шинонида мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 11 декабр дар ноҳияи Хуросон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.
Ҳамасола дар вилояти Хатлон бо оғози мавсими ниҳолшинонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ вусъат меёбад. Ҳамзамон барои ободу зебо гардонидани ҳар деҳаю маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, ниҳолҳо бояд баъд аз мавсими хазонрез шинонида шаванд. Зеро баъд аз хазонрезӣ дарахтон дар ҳолати оромиш қарор мегиранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






