ДАР ДУШАНБЕ ОИД БА ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН КОНФРОНС БАРГУЗОР МЕШАВАД
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Д.Ҷонмардова). — Рӯзҳои 11-12-уми ноябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки 30 нафар коршиноси байналмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: таҳдиду хатарҳо, имкониятҳо ва дурнамо» конфронс баргузор мегардад. Конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти стратегии Британияи Кабир ва намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта, ба баррасии масоили вобаста ба тавсеаи рӯйдодҳо дар Афғонистон, таъсири онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бозсозии қувваҳои байналмилалии НАТО оид ба дастгирии амният дар Афғонистон бахшида мешавад. Дар конфронс коршиносон аз Россия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистону Хитой, ҳамчунин, намояндагони НАТО, САҲА, СММ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат меварзанд.