13 ҲАЗОР МУҲОҶИРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР ЧИН ДАСТГИР ШУД

Декабрь 9, 2008 15:37

            Пекин, 9 декабр. (АМИТ «Ховар» — РИА Новости).- Дар давоми чор соли охир  дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 12  ҳазору  645 нафар дастгир шуд, ки  мехост бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба мамлакатҳои дигар равад.  Аз рӯи маълумоти мавҷуда, Чин  дар мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба туфайли  тақвияти назорати роҳу пайроҳаҳои кӯҳистон, бандарҳо ва майдонҳои ҳавоӣ натиҷаҳои калон ба даст овардааст. Мувофиқи маълумоти омор, теъдоди зиёди муҳоҷирон аз вилоятҳои Гуандун ва  Футцзян, инчунин шаҳри  саноатии Шанхай ба хориҷа сафар мекунанд. Дар ин маҳалҳои аҳолинишин фаъолияти созмонҳое авҷ гирифтааст, ки  шаҳрвандонро  ба ивази маблағи калон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба хориҷа мефиристанд. Тафтишот нишон дод, ки муҳоҷирон барои сафари хориҷӣ ба чунин созмонҳо то 15 ҳазор доллари ИМА пора медиҳанд.

Декабрь 9, 2008 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд