ДАР ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ 271 НАФАР ҲАЛОК ШУД

Декабрь 29, 2008 12:33

         Ғаззаҳ, 29 декабр. (АМИТ «Ховар» — Синхуа).- Ҳавопаймоҳои низомии Исроил дар давоми шабонарӯзи гузашта ба минтақаҳои гуногуни воҳаи Ғаззаҳ зарба заданд. Аз рӯи хабарҳои расида, дар ин ҷо то имрӯз 271 нафар ҳалок шуда, бештар аз 900 нафар маҷрӯҳ гардидааст. Дар изҳороти созмони Хамос гуфта мешавад, ки  ҳавопаймоҳои Исроил дар давоми як шабонарӯз ба минтақаҳои гуногуни воҳаи Ғаззаҳ тақрибан 25 маротиба ҳамла оварданд. Онҳо дафъаи охир ба бинои маъмурияти созмон, маркази ҳарорату барқидиҳанда ва масҷид бомба партофтанд. Мақомоти Исроил хабар медиҳанд, ки  ҳадафи амалиёт дар воҳаи Ғаззаҳ пешгирии  паррондани гулӯлаҳои реактивӣ аз ҷониби силоҳбадастони фаластинӣ ба қаламрави мамлакат мебошад. Вазири мудофиаи Исроил Эхуд Барак 27 декабр ба хабарнигорон гуфт, ки  дар мавриди зарурат қисмҳои ҳарбӣ  ба воҳаи Ғаззаҳ дохил карда мешаванд.

Декабрь 29, 2008 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид