МАРДУМ ГӮШТИ БЕДОНА ВА МУРҒИ МАРҶОН МЕХОҲАНД
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров, имрӯз мардуми кишвар ба гӯшти бедонаю мурғи марҷон талабот доранд. Бояд зикр намуд, ки дар замони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд корхона ба парвариши бедона ва мурғи марҷон махсус гардонида шуда буд. Аз ҷумла корхонаҳои бедонапарварии ноҳияи Шаҳринав, Душанбе ва Хуҷанд мувофиқи талаботи ҳамон замон гӯшти бедона истеҳсол мекарданд. Дар ноҳияи Файзободу Ваҳдат мурғи марҷон барои гӯшт парвариш карда мешуд. Дар оянда масъалаи парваришу фурӯши гӯшти бедонаю мурғи марҷон дар назар аст.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






