МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ АФҒОНИСТОН
Маскав, 2 декабр. АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар Маскав маҷлиси шашуми гурӯҳи кории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бахшида ба Афғонистон баргузор гардид. Дар он ҳамоҳангсозони миллӣ ва коршиносони давлатҳои аъзои созмони мазкур ширкат варзиданд. Маҷлиси мазкур шаҳодат медиҳад, ки мамлакатҳои аъзои созмон барои мӯтадил гардондани вазъияти Афғонистон бо созмонҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Ҳадафи ин мамлакатҳо барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон дар давраи баъди ҷанг мебошад. Иштирокчиёни маҷлис тавсия доданд, ки кор бо намояндагони Афғонистон дар масъалаи таъмини амнияти минтақа давом дода шавад. Ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки бо кӯмаки СММ ва мамлакатҳои ҳамсоя барои бунёди минтақаҳои амният ва мубориза ба муқобили маводи нашъадор дар атрофи Афғонистон машваратҳои иловагӣ гузаронида шаванд. Дар маҷлис нақшаи фаъолияти гурӯҳи корӣ барои нимаи дуюми соли 2009 тасдиқ карда шуд. Маҷлиси ҳафтуми гурӯҳи корӣ моҳи апрел гузаронида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки гурӯҳи кории СААД бахшида ба Афғонистон бо қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 23 июни соли 2005 таъсис ёфта буд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






