ОХИРИН САБЗАВОТИ ТИРАМОҲӢ АЗ ҚИТЪАҲО ҶАМЪОВАРӢ МЕГАРДАД

Декабрь 3, 2008 08:58

          Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, охирин сабзавот ва зироатҳои полезӣ аз қитъаҳои ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ мегарданд. Соли ҷорӣ истеҳсоли сабзавот дар корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба 211,5 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин ба 65 фоизи нақша баробар аст.         Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 179,4 сентнерӣ расониданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 5,4-сентнерӣ зиёд аст. Ҷамъоварии зироатҳои полезӣ ва сабзавот дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ — фермерӣ то 1-уми декабри соли ҷорӣ ба 222 ҳазору 649 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007  ба андозаи 124 ҳазору 79 тонна зиёд мебошад.

Декабрь 3, 2008 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад