РӮЙХАТИ СИЁСАТМАДОРОНИ МАШҲУРТАРИНИ ҶАҲОН
Вашингтон, 22 декабр. (АМИТ «Ховар» — Радиостансия «Эхо Москвы»). — Маҷаллаи «Нюсуик» — и ИМА рӯйхати сиёсатмадорони машҳуртарини ҷаҳонро чоп кардааст. Ба он 50 нафар сиёсатмадор, иқтисодшинос ва арбобони дигари иқтисодию фарҳангию замони ҳозира дохил карда шуданд. Ҷойи аввалро дар ин рӯйхат Президенти тозаинтихоби ИМА Барак Обама, раиси давлати Чин Ху Сзинтао ва президенти Фаронса Николя Саркозӣ ишғол мекунанд. Маҷаллаи мазкур инчунин сарвазири Британия Гордон Браун ва канслери федералии Олмон Анҷела Меркелро аз ҷумлаи 10 нафар сиёсатмадори машҳуртарини ҷаҳон номидааст. Дар ин рӯйхат сарвазири Русия Владимир Путин ҷойи 9 — ум ва шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Олӣ Саид ҷойи даҳумро ишғол мекунанд. Ба ин рӯйхат ҳамчунин президенти Куриёи шимолӣ Ким Чен Ир, Билл ва Хиллари Клинтон, сиёсатмадори ҳиндӣ Соня Гандӣ, сарвазири Ироқ Нурӣ Алмаликӣ, раиси шаҳри Ню — Йорк Майкл Блумберг, Усқуфи аъзами Рум Бенедикти ХУ1 ва террористи машҳуртарини ҷаҳон Усома бинни Лодан дохил карда шудаанд. Тарҷумон — Қудратов А.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






