РОНАНДАГОНИ ҚОНУНШИКАН ҶАЗО ДОДА МЕШАВАНД

Декабрь 3, 2008 08:45

        Қӯрғонтеппа, 3  декабр. (АМИТ «Ховар»,   Мурод  Сотиев). – Дар  давоми  як  ҳафтаи  охир  дар  роҳҳои  вилояти  Хатлон  бештар аз  4,5  ҳазор  ҳодисаи  риоя  нашудани  қоидаҳои  ҳаракати  роҳ  ба  қайд  гирифта  шуд. Корманди  калони  Идораи  бозрасии  давлатии  автомобили   вилоят Ёрмаҳмад  Давлатов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки   дар  ин  муддат 55 ҳодисаи  мастомаст рондани  мошин  ба  қайд  гирифта,  63   мошини  дорои  шишаҳои тира  дастгир  карда шуд.          Аз  рӯи  маълумоти  Идораи   давлатии  автомобили  вилоят,  инчунин  724 ҳодисаи  зиёд  кардани  суръати  ҳаракат  ошкор  карда шуд. Ба  кавли Ё. Давлатов  чунин  ҳодисаҳо  сабаби  рух  додани  фалокати  нақлиёт  мегарданд. Қайд  карда шуд, ки  дар  давоми  ҳафта 29  ҳодисаи  риоя  нашудани   қоидаҳои  ҳаракати роҳ  аз  ҷониби  пиёдагардон  ба  қайд  гирифта  шуд. Ғайр  аз  ин  40  ронанда  барои  истифодаи  телефони  мобилӣ  зимни   ҳаракати   нақлиёт  дастгир  шуд. Умуман,  то 1  декабри  соли  равон  дар  миқёси  вилоят  649  ронанда  барои   истифодаи  телефони  мобилӣ  дар  паси  чамбараки  мошин  ҷазо  дода шуд.

Декабрь 3, 2008 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд