ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ РИШВАХӮРӢ

Декабрь 9, 2008 15:45

           Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис Раҳимова).- Баъди чошти имрӯз дар Агентии  назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ  ҷумҳурӣ ҳамроҳи  Муассисаи рушди СММ бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он директори агентӣ Шерхон  Салимзода ва  директори Муасссисаи рушди СММ  Растислав Врбенски  сухан карда, дар бораи корҳои ба сомонрасида ва тадбирҳои  мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ дар мамлакат ва минтақа маълумот доданд. Ҳукумати Тоҷикистон  муоҳидаи СММ- ро  дар бораи  мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ моҳи январи соли 2008 ба тасвиб расонд.                Ин иқдом ҷидду ҷаҳди роҳбарияти мамлакат ва омодагии ӯро  барои тақвияти мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ нишон медиҳад. Тавре хабар дода шуда буд, Маҷмаи кулли  СММ  9 декабри  соли 2003 дар бораи  таҷлили Рӯзи  байналмилалии мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ қарор қабул намуд. Ҳадафи он  ҷалби мамлакатҳои ҷаҳон ба хавфи калони ришвахӯрӣ дар ҷомеа ва бештар огоҳ сохтани онҳо аз оқибатҳои ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Декабрь 9, 2008 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад