ҚАРЗИ ПАРДОХТИ АНДОЗҲОИ ДАВЛАТӢ БА 506 МЛН. РАСИД
Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли 2008 ба буҷаи ҷумҳурӣ 5 миллиарду 300 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2007 ба андозаи 1 миллиарду 600 млн. сомонӣ зиёд аст. Бовуҷуди беш аз 106 фоиз иҷро гардидани қисми даромади умумии буҷет нақшаи 4 намуди андоз иҷро нагардид, ки ин дар ҷаласаи васеи Ҳукумат боиси изҳори нигаронии Сарвари давлат шуд. Масъалаи бақияпулиҳои аз андоз то имрӯз роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Дар соли 2008 ҳаҷми умумии қарзи андоз ва пардохтҳо 506 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 120 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Як қисми ноҳияҳо ҳатто нақшаи солонаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллиро иҷро карда натавонистанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






