2 ҲАЗОР ҶОЙИ НАВИ КОРӢ ?
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Танҳо дар зарфи нимсолаи дуюми соли 2008 музди меҳнати миёнаи коргарон дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 50 фоиз рӯ ба афзоиш ниҳода, дар соҳа 1 ҳазору 140 ҷойи нави корӣ ташкил гардид. Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ гуфт, ки асоси фаъолияти «Тоҷикматлубот»-ро дар давраи ҳисоботӣ вазифаҳое ташкил мекарданд, ки аз сафарҳои кории Сарвари давлат ба вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба миён омада буданд. Аз ҷумла, тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, дар ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа коргоҳҳои қаннодию дӯзандагӣ таъсис дода шуд, ки дар натиҷа 46 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Сироҷиддин Валиев мӯътакид бар он аст, ки дар соли 2009 ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи молӣ 20 фоиз, муомилоти муассисаҳои хӯроки умумӣ 50,9 фоиз, хари два захираи маҳсулоти кишоварзӣ 41,8 фоиз, молҳои ниёзи мардум 30 фоиз ва ҳисса ҷудокуниҳо ба андоз ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 8,6 фоиз зиёд карда шуда, дар соҳа қариб 2 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил мегардад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






