2 МИЛЛИАРДУ 142 МИЛЛИОН СОМОНӢ ИНВЕСТИТСИЯ БАРОИ ЭНЕРГЕТИКА

Январь 26, 2009 16:12

              Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар давоми соли 2008 барои сохтмони объектҳои энергетикӣ 2 миллиарду 142 миллион сомонӣ инвеститсияи асосӣ, аз ҷумла 291,6 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва як миллиарду 850,4 миллион сомонӣ қарзҳои хорҷӣ ҷудо шудааст.               Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерган Шабозов зимни нишасти матбуотӣ зикр дошт, ки дар нерӯгоҳӣ обии барқии «Сантуда — 1» ба маблағи 679,4 миллион сомонӣ инвеститсияи сармояи асосӣ истифода шудааст, ки нисбат ба соли 2007-ум ба маблағи 190, 7 миллион сомонӣ кам аст. Дар нерӯгоҳи оби барқии «Сантуда-2» бошад, аз оғози сохтмон 334,7 миллион сомонӣ инвеститсияи сармояи асосӣ истифода шудааст, аз ҷумла аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 67,7 миллион сомонӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон 267 миллион сомонӣ.              Ҳамчунин, қайд гардид, ки барои таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» 336,8 миллион сомонӣ инвеститсия истифода шудааст. Таҷдиди роҳи автомобилгарди мазкур асосан аз ҳисоби карзҳои хориҷӣ, ки 96,3 фоизи ҳаҷми умумии хароҷотро ташкил медиҳад, амалӣ карда мешавад.  

Январь 26, 2009 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ