АЗ ЗИМИСТОНИ СОЛИ ГУЗАШТА ХУЛОСА НАКАРДАНД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, барои зимистонгузаронии чорво дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 247658 тонна ё 89 фоизи нақшаи солона хӯроки чорво (ба ҳисоби воҳиди хӯрока) захира карда шудааст. Аз ҷумла, иҷрои нақша дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 76 фоиз, ноҳияҳои Роғун-57, Шаҳринав-52, Турсунзода-36, Варзоб-34 фоизро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна ба ҳар як сар чорво 9,5 сентнерӣ воҳиди хӯрока захира карда шудааст,ки он аз сатҳи миёнаи нишондиҳандаи ҷумҳурӣ аз 0,5 то 1,7 сентнер камтар мебошад. Дар сурати сахт омадани зимистон, соли ҷорӣ нарасидани захираи хӯрока дар мавсими сармо чун порсола аз нав такрор шуда, боиси талафи чорво хоҳад шуд. Ва ин далели он аст, ки мутахассисон ва чорводорон аз зимистони соли гузашта хулоса накарданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






