БОНКИ МИЛЛӢ ҚУРБИ СОМОНИРО УСТУВОР МЕДОРАД?
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Дар соли 2008 — ум мо ҳаракат кардем қурби пули миллиро нигоҳ дорем. Таъсири бӯҳрони молиявӣ мушоҳида намешуд ва мо тавонистем аз муомилот 220 миллион доллари амрикоӣ гирем»,- зикр дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Точикистон Шариф Раҳимзода. Ӯ афзуд, ки имрӯз мо аз муомилот чунин маблағ гирифта наметавонем. Тавре дида истодаем дар Федератсияи Русия қурби пули миллии онҳо 45 фоиз поён рафт. Гарчаде ки онҳо садҳо миллиард сарф карда бошанд, то қурби пули миллиашонро устувор нигох доранд. Дар ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон бошад, қурби асъори миллӣ тахминан 10 фоиз ва дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тахминан 21 фоиз поён рафт. Бояд гуфт, ки қурби пули давлатҳои ҳамсоя, ки поён рафт, ин наметавонад ба кишвари мо таъсир нарасонад, зеро ҳамкориҳои мо бо эшон бисёртар ба роҳ монда шудааст. «Дар ҷумҳурии мо бошад, аз аввали сол қурби сомонӣ 7 фоиз поён рафт. Мо ҳаракат дорем, ки онро устувор нигоҳ дорем ва имрӯз мо аллакай дар Бонки миллӣ микдори зарурии асъори хориҷиро овардем. Мо пайдо намудем чунин ширкатҳоро, ки барои мо ҳар рӯзи ҳафта маблағҳои муайян оранд ва мо ин маблағро ба муомилот мебароварем», — идома дод Ш. Раҳимзода. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон тазаккур дод, ки пастшавии қурби пули миллӣ ба болоравии нарху наво дар бозорҳо таъсири зиёд намерасонад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






