ДАР ДУШАНБЕ НАМОИШГОҲИ МОЛҲОИ СОХТИ АФҒОНИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Январь 27, 2009 15:52

                Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид 26 январ бо намояндаи тиҷоратии Давлати Исломии Афғонистон дар сафорати ин мамлакат Наҷибулло Раҳимӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ташкилу гузаронидани намоишгоҳи «Рушди иқтисодии Афғонистон» дар Душанбе рӯзҳои 20 — 22 апрели соли равон муҳокима шуданд. Ш.Саид зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба мутахассисони афғон дар бобати ташкили намоишгоҳ кӯмак хоҳад расонд.              Қарор дода шуд, ки гурӯҳи кории Афғонистон барои омода сохтани намоишгоҳ ва имзои қарордоди дахлдор ба Тоҷикистон даъват карда шавад.  

Январь 27, 2009 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш