ДАР ТОҶИКИСТОН ШУМОРАИ ҶИНОЯТКОРӢ КАМ МЕГАРДАД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Соли 2008 -ум дар ҷумҳурӣ 11 ҳазору 658 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2007-ум 3,8 % ё 457 адад кам мебошад. Дар ин бора зикр намуд зимни нишасти матбуоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов. Дар муддати ҳисоботӣ ҳамагӣ 2478 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,8 % ё 21 ҳолат кам мебошад. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда ҷиноятҳои вазнин 21,3 % — ро ташкил медиҳанд. Кушодашавии ҷиноятҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1,3 % зиёд шуда 86,7 % ¬ро ташкил менамояд. Кушодашавии ҷиноятҳои марбут ба кофтукови ҷиноятӣ 1,1 % , аз ҷумла ҷиноятҳои вазнин то 2,3 % зиёд гардидааст. Кушодашавии ҷиноятҳои одамкушӣ то 3,1 %, ғоратгарӣ то 4,3 % тамаъҷуӣ то 5,7 % афзудааст. Ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,5 % ё 118 адад (аз 643 то 525) кам гардидааст. Ҷинояткорӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 31,2 % ё 297 адад (аз 952 то 655) кам гардидааст. Кушодашавии ҷиноятҳои пеш содир карда шуда бошад 30 %, ё 219 адад (аз 731 то 950) зиёд гардидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






