ГУМРУКЧИЁНИ СУҒД 17-СОЛАГИШОНРО ҶАШН ГИРИФТАНД

Январь 27, 2009 14:14

               Суғд, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар бинои Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд бахшида ба 17-умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ботантана баргузор гардид. Сардори Раёсат, подполковники Хадамоти гумрук Хайрулло Раҳимов ҳозиронро табрик намуда, 8 нафар кормандонро барои ноил шудан ба натиҷаҳои хуби кориашон мукофотонид.               Инчунин, ба 12 нафар кормандони гумруки минтақа рутбаҳои махсуси навбатӣ, аз ҷумла ба 6 нафар кормандон рутбаҳои махсуси аввалин — лейтенанти хадамоти гумрук дода шуда, 13 нафар кормандон бо мукофоти пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд.

Январь 27, 2009 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш