ЛАТВИЯ БО ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид дирӯз бо сафири кабири Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинс мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар муҳокима шуданд. Ш.Саид ба сафир дар бораи самтҳои муҳимтарину афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, истихроҷи қувваи барқ, маъдан, коркарди маҳсулоти саноат ва ғайра маълумоти муфассал дод. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар Душанбе намоишгоҳи молҳои сохти Латвия ташкил ва мулоқоти тоҷирону соҳибкорони хар ду кишвар гузаронида шавад. Сафири Латвия изҳор намуд, ки мамлакаташ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун манфиатдор мебошад. Тарҷумон — Қудратов А.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






