МАЙДОНИ ПАРВАРИШИ КАМОЛ ВУСЪАТ МЕЁБАД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Растании камол дар феҳрасти растаниҳои нодир дар Китоби сурхи Тоҷикистон сабт шудааст. Соли ҷорӣ бо супориши Ҳукумати мамлакат Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба парвариши растании шифобахши камол дар ҳудуди 800 гектар оғоз кард. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрӯз бо ин мақсад қариб 1,5 ҳазор гектар замин ҷудо шуда, интизор меравад, ки майдони парвариши он дар оянда васеъ гардад. Мавриди ёдоварист, ки моҳи сентябри соли 2008 бо Фармони Президенти кишвар ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол ба кишварҳои хориҷ манъ карда шуд. Бояд гуфт, ки камол яке аз растаниҳои шифобахш буда, дар ҷаҳон 190 навъи он сабт шудааст ва дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон 37 навъи он мерӯяд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






