МИСРИ АРАБ БАРОИ ТОҶИКИСТОН ДИПЛОМАТ ВА ТАРҶУМОН ТАЙЁР МЕКУНАД
Душанбе, 28-уми январ. (АМИТ«Ховар», Наргис Бояҳмадова). — 27 январ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷо мулоқот кард. Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии кишвар Давлат Назриев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар рафти ин мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум ҷараён ёфт, доираи васеи масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, тиб ва энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба масъалаҳои таъсис додани корхонаи муштараки дорусозӣ ва иштироки ҷониби мисрӣ дар лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид. Ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва робитаҳои пайваста аҳамияти кушодани хатти сайри ҳавопаймо байни ҳарду кишвар таъкид гардид.Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳамсӯҳбаташро ба зарурати ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, истифодаи таҷрибаи сулҳофаринии ҷониби Мисрро дар ҳалли қазияи Афғонистон муҳим арзёбӣ кард. Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни ин мулоқот, ҳамзамон масъалаи бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар курсҳое, ки аз ҷониби Бунёди мисрӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ бо кишварҳои Итиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил мешаванд, мавриди таваҷҷӯҳи хосса қарор гирифт. Ҷониби мисрӣ омодагиашро дар мусоидат ва тайёр кардани мутахассисон дар курсҳои бозомӯзии дипломатӣ ва тарҷумонӣ изҳор кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






