МУЛОҚОТИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ МИСР
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар чорчӯбаи фаъолияти комиссияи байнидавлатии иқтисодии Тоҷикистону Мисри Араб имрӯз, 26 январ дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқоти соҳибкорони ҳарду ҷониб доир гардид. Дар мулоқот соҳибкорони мисрӣ омодагии хешро оид ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик баён намуда, зикр карданд, ки онҳо метавонанд дар бахшҳои мухталиф, бахусус ташкили корхонаҳои муштараки дорусозӣ, коркарди нафту газ, табодул ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаҳои сохтмон ва энергетика ҳамкориро ба роҳ монанд. Инчунин, соҳибкорони тоҷик зикр карданд, ки дар шароити имрӯза, ки бо талошҳои бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ фазои озоди сармоягузорӣ фароҳам аст, онҳо метавонанд ҷиҳати ҳамкории қавӣ бо ширкатҳои мисрӣ шартномаҳои дуҷониба барқарор кунанд. Дар фарҷом муаррифии озоди якчанд ширкатҳои мисрӣ ва тоҷикӣ миёни соҳибкорони ҳарду кишвар баргузор гардид.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






