МУСОДИРАИ ЗИЁДА АЗ 2 ТОННАВУ 690 КИЛОГРАММ МОДДАҲОИ НАШЪАОВАР
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар соли 2008-ум аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 580 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба қайд гирифта шудааст. Аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 690 килограмму 237 грамм моддаҳои нашъаовар аз ҷумла, 820 килограмму 85 грамм героин, 432 килограмму 622 грамм афюн ва ҳашиш ва 1 тоннаву 437 килограмм маводҳои гурӯҳи бангдона мусодира карда шудааст. Дар ин бора зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикстон Маҳмадназар Солеҳов. Дар ҷумҳурӣ соли 2008 аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 6 тонна маводҳои нашъадор мусодира гардид, ки қисми зиёди он 3 тоннаю 381 килограммро маводҳои гурӯҳи афъюн (1 тоннаю 636 кг героин ва 1 тоннаю 745 кг афъюн), қариб 2 тоннаю 700 килограмм маводҳои нашъадори гурӯҳи каннабис ва 173 килограмм прекурсорҳо, ки ҳангоми таёр намудани героин истифода мешаванд, ташкил медиҳад. Аз аҳолӣ 1210 адад яроқи оташфишон, аз ҷумла 323 адад автомат, пулемёт, гранатамётҳо, 176 адад таппонча, 184 адад камонҳо ва карабин, 451 адад яроқҳои суфтамил ва миқдори зиёди дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст. Шумораи ин яроқҳо аз 2 декабри соли 1994 то ин ҷониб 30 ҳазору 770 ададро ташкил медиҳад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






