СОЗИШНОМА ДАР БАХШИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб баргузор гардид. Дар он кори он Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода ва Вазири ҳамкориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Мисри Араб Фоиза Абунаҷа баромад карданд. Таъкид гардид, ки соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Миср сафар намуд, ки дар натиҷа барои густариши ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам омад ва ҷаласаи имрӯза иқдомест барои татбиқи натиҷаҳои он сафар. Аъзои комиссияи мазкур дар давоми се рӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар бахшҳои мухталиф самтҳои ҳамкориро баррасӣ ва ҳуҷатҳои заруриро таҳия намуданд. Ҳамзамон дурнамои самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаро бахусус дар бахши савдо, сармоягузорӣ, тандурустӣ, дорусозӣ, коммуникатсия, гидроэнергетика, кишоварзӣ, туризм, истихроҷи нафту газ ва захираҳои дигари маъданиро баррасӣ карданд. Вазири ҳамкориҳои байналхалқии Миср Фоиза Абӯнаҷа қайд намуд, ки комиссияи муштарак як воситаи хеле муҳими татбиқи нақшаҳои бамиёнгузошташуда мебошад. Вай соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориро шарҳ дода, омода буданини коршиносони кишварашро дар такмили фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиии Тоҷикистон зикр кард. Мавсуф ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар бахши дорусозӣ махсус таъкид кард. Ф. Абӯнаҷа қайд кард, ки дар соли оянда сафари вазири тандурустии Миср ба Тоҷикистон дар назар аст. Агар ҷонибҳо саъю талош кунанд дар Тоҷикистон корхонаи муштараки дорусозӣ сохта мешавад. Дар анҷоми ҷаласа Протокол дар бахши ҳамкориҳои воситаи ахбори омма ва санади ҳусни тафоҳум оид ба варзиш имзо гардид. Ҳамраисони комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Миср Ғуломҷон Бобозода ва Фаиза Абӯнаҷа Протоколи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникиро имзо намуданд. Дар назар аст, ки ҷаласаи дуюми комиссия соли оянда дар шаҳри Қоҳира баргузор хоҳад гашт.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






