ТАШКИЛИ СИТОДИ ДОИМАМАЛКУНАНДА

Январь 27, 2009 15:16

                   Душанбе, 27 январ. (АМИТ "Ховар", Ибодат Давлатова). — Ба хотири пешгирии омилҳо ва сабабҳои асосии ҳодисаҳои фавти модарону навзодон Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди доимамалкунандаи «Ҳифзи саломатии модарону навзодон»-ро созмон дод.                   Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, созмон додани чунин Ситод бо мақсади идорасозии босамари масъалаҳои ташкилу расонидани кўмаки фаврии табобатию профилактики перинатологӣ, гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ доир ба пешгирии ҳар як ҳодисаҳои фавти модарону навзодон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад.                    Инчунин, ба роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва марказҳои миллию ҷумҳуриявӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, сардухтурони беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки оид ба ҳар як мушкилоти пешомада дар мавриди ташкил ва расонидани кўмаки тиббӣ ба занони ҳомила, таваллудкунанда ва таваллудкарда дар муассисаҳои тандурустӣ ба Ситоди зикргардида маълумоти фаврӣ пешниҳод намоянд.  

Январь 27, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш