ТАВСИЯИ ОЛИМОНИ СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ КИШОВАРЗӢ

Январь 5, 2009 11:27

       Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Олимони стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир муайян намуданд, ки дар шароити Бадахшон дар баландии 1800-2000 метр навъҳои гандуми тирамоҳии «Қазоқистон-15», «Атоӣ-85», «Султон-95» ва «Истиқлол» аз ҳар гектар бештар аз 3,3 -3,7 тонна ҳосил ба даст овардан мумкин аст. Олимони стансия ба деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Рӯшон» ба миқдори 1,5 тонна тухмии хушсифати гандуми навъи «Стекловидная-24»-ро барои кишт пешниҳод намуданд. Олимони стансия дар асоси тадқиқот бори аввал дар баландии1800 метр баъди ҷамъоварии ҳосили ҷав, сабзиро барои кишти такрорӣ тавсия намуданд.                          

Январь 5, 2009 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд