ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАШНВОРАИ ФАРҲАНГИИ ХАЛҚҲОИ ЕВРАЗИЯ ШИРКАТ МЕВАР

Январь 27, 2009 15:53

                   Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз 13 то 17 майи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия — шаҳри Минск ҷашнвораи фарҳанги халқҳои Евразия баргузор мегардад. Аз Тоҷикистон дар ин ҷашнвора Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ширкат хоҳад варзид.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин ҷашнвора бори аввал гузаронида мешавад ва ҳадафи он нигоҳ доштану ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии мамлакатҳои минтақа мебошад.                 Мувофиқи шартҳои ҷашнвора, ҳайатҳои ҳар мамлакат набояд аз 53 нафар зиёд бошад. Ба онҳо ҳунарпешагон, рассомон, раққосон, нависандагону шоирон ва косибон шомил карда мешаванд.

Январь 27, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ