ДАР ҚӮРҒОНТЕППА ТӮЙИ АРӮСӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Февраль 27, 2009 10:46

               Душанбе, 27 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи Иди байналмилалии бонувон-8 март 28 феврал дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими тӯйи хонадоршавии 30 ҷуфт ҷавонон баргузор мегардад.               Ин маросим бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон гузаронида шуда, ба ҳар кадом навхонадорон ба маблағӣ 3, 5 ҳазор сомонӣ, ки 15 номгӯй ҷиҳози рӯзгорро дар бар мегирад, тақдим карда мешавад. Маросими баргузории тӯйи арӯсӣ, ки дар остонаи Рӯзи байналмилалии модарон- 8 март таҷлил мешавад, таҳти унвони «Шаъни модар» гузаронида шуда, дар бари ҳар ҷуфт арӯсу домод модарони онҳо менишинанд, ки он таҷассумгари бузургию саодати модарон дар ин рӯзи саид аст.                   Раиси намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки маросими баргузории тӯйҳои арӯсӣ дар Тоҷикистон се сол муқаддам зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Теҳрон баррасӣ шуда буд, ки тибқи он дар Тоҷикистон тӯйи арӯсии 1000 ҷуфт ҷавонон гузаронида мешавад. То имрӯз дар Тоҷикистон маросими издивоҷи 760 ҷуфт фарзандони оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Сайидҷаводи Разавӣ мегӯяд, ки дар оянда чунин ҷашнҳои арӯсӣ дар вилоятҳои Суғду Бадахшон гузаронида мешаванд.

Февраль 27, 2009 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд