ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР КОНФРОНСИ «МЕРОСИ ИМОМИ АЪЗАМ ВА ФАРҲАНГӢ МИЛЛӢ»

Февраль 26, 2009 17:12

                Имрӯз дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳангӣ миллӣ» баргузор гашт.Дар кори конфронс, ки таҳти раёсати Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов ҷараён гирифт, аъзои Ҳукумат ва Парлумони мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сершумори аҳли илму фарҳанг, олимону ходимони дин ва ҷавонони фаъоли мамлакат иштирок намуданд.               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаи дар ин конфронси бонуфуз ибрознамудаашро идомаи мақолаю суханрониҳои қаблияш оид ба нақши Имоми Аъзам дар тамаддуни исломӣ ва фарҳангии миллии тоҷикон маънидод карда, оид ба вазъи динии мамлакат ва сиёсати давлатӣ дар ин соҳа андешаҳои ҷолиб баён намуд.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони конфронс ва тамоми мардуми кишварро ба омӯзиши амиқи арзишҳои волои фарҳангию таърихии миллати бостонии тоҷик ва осори пурарзиши фарзанди фарзонаи миллат — Нуъмон ибни Собит Абӯҳанифа ҳидоят намуда, нақши ин шахсияти таърихиро дар таъмини бақо ва рушду нумӯъи забону фарҳанги тоҷикӣ беназир маънидод кард.               Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафи асосӣ аз забони тоҷикиро забони дуюми дини Ислом эълон намудани Имоми Аъзам сабукиҳо овардан ба мардуми Мовароуннаҳру Хуросон ва дигар мусулмонони ғайриараб буд, то ки онҳо дар иҷрои аркону аҳкоми шариати исломӣ мушкилӣ накашанд.                 Қабул ва татбиқи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ пайравӣ ба талаботи Қуръону Ҳадис ва таълимоти Имоми Аъзам оид ба овардани сабукиҳо ба мардуми кишвар маънидод гардид.                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин олимону ходимони дин ва дигар иштирокдорони конфронсро ба пайравӣ ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтиромгузорӣ ба озодии виҷдон, ҳуқуқу озодиҳои намояндагони тамоми миллату динҳо ва риояи таълимоти фиқҳи ҳанафӣ дар ҳаллу шарҳи масъалаҳои вобаста ба тоату ибодат ва рӯзгори мусулмонони кишвар даъват намуд.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз олимону ходимони дин ва тамоми аҳли ҷомеа даъват намуд, ки ҷавононро бештар ба омӯзиши амиқи илму маърифат, касбу ҳунар ва техникаю технологияи муосир ҳидоят намоянд.                  Дар робита ба танзими сиёсати динӣ таъкид гардид, ки то моҳи сентябри соли равон Консепсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дин бояд таҳия ва пешниҳод карда шавад.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади роҳ надодан ба воридот ва паҳншавии таълимоти номатлуби динӣ аз хориҷи кишвар дастур дод, ки имом-хатибҳои масҷидҳо танҳо аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи исломии Тоҷикистон таъин карда шаванд ва пешниҳод намуд, ки ин донишкада ба номи Имоми Аъзам номгузорӣ шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки сифати таълиму тарбияи шогирдон ва сатҳи таъминоти моддию техникии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҷавобгӯи талаботи замон гардонда шавад.                  Дар конфронс ҳамчунин олимони маъруфи Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдулвоҳид Шамолов, Шерзод Абдуллоев, Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова, Ноиби Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусейн Мӯсозода бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намуда, оид ба мавзӯъи мазкур андешаҳои худро баён доштанд. Онҳо ҳамчунин ба иқдомоти наҷиби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ баҳои баланд дода, ба ӯ арзи сипос намуданд ва изҳори боварӣ намуданд, ки тадбирҳои судбахши ӯ боиси ваҳдату ягонагӣ ва сарҷамъии миллат ва таъмини пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз мегарданд.                  Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори аҳли толор оид ба ҷанбаҳои гуногуни сиёсати динию фарҳангии Ҳукумати мамлакат ва ҳаёту фаъолияти муассисаҳои динӣ посух дод.Зимни маҳфили саволу ҷавоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зебоию зебоипарастӣ ва покию озодагиро низ аз ҷумлаи таълимот ва хислатҳои неки Имоми Аъзам номида, олимону ходимони динро ҳамчунин ба пӯшидани либосҳои тозаю озода ва муаррифии шоистаи фарҳанги миллии тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳидоят намуд.Бояд таъкид намуд, ки конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳангӣ миллӣ» имрӯз ҳамчунин дар марказҳои вилоятҳои мамлакат низ чун нахустчорабинӣ аз тадбирҳои сершумори Соли Имоми Аъзам баргузор гашт.                 Дар давоми соли равон конфронсу семинарҳои зиёди илмию амалӣ, маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ, озмунҳои беҳтарин қориёни Қуръон ва дигар чорабиниҳои оммавӣ гузаронда мешаванд, ки ба шинохти бештару беҳтари Нуъмон ибни Собит Абӯҳанифа, таълимоти ҷовидонаи ӯ ва ба болобарии ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз фарҳангу таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик мусоидат менамоянд.                  Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.  

Февраль 26, 2009 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд