ОМӮЗИШГОҲИ ОЛИИ САРҲАДӢ БАРОИ ОМӮЗИШ КУРСАНТ ҚАБУЛ МЕНА-МОЯД
Душанбе, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули курсантҳоро барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ эълон менамояд. Аз маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ба Омӯзишгоҳ ҷавонони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ба эҳтиёт рухсатшуда ва даъватшавандагони то 23 сола, бо донистани забонҳои давлатию русӣ, қадашон на камтар аз 1.70 метр, дорои маълумоти миёна ва вазъи саломатии барои таҳсил ва хизмат дар қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ муносиб қабул карда мешаванд. Ашхосе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ хизмат кардаанд, кӯдакон-ятимон дар вақти гузаштани комиссияи мандатӣ афзалият пайдо мекунанд. Мӯҳлати таҳсил дар омӯзишгоҳ 4 сол давом карда, курсантҳо бо хӯроки бепул, сарулибос ва хобгоҳ таъмин гардида, ба онҳо стипендия дода мешавад. Омӯзишгоҳ афсарони хадамоти сарҳадиро тайёр менамояд. Баъди хатми бо муваффақияти омӯзишгоҳ хатмкунандагон маълумоти касбӣ гирифта, ба онҳо рутбаи ҳарбии «ЛЕЙТЕНАНТ» ва дипломи маълумоти олӣ супорида мешавад. Довталабон чунин имтиҳонҳо месупоранд: иншо аз забон ва адабиёти тоҷик, аз таърихи халқи тоҷик (даҳонӣ) ва диктант аз забони русӣ. Хоҳишмандон барои дохилшавӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссариатҳои ҳарбии ҷойи истиқомат ва мақомоти амнияти миллӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд. Шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна, билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи даъватшаванда, дафтарчаи меҳнатӣ ё нусха аз он, тавсифнома аз ҷойи кор, хизмат ё таҳсил, роҳхати коллективҳои меҳнатӣ барои таҳсил ва 4 адад сурати 3 ба 4. Ҳуҷҷатҳои то 15 марти соли 2009 қабул карда мешаванд. Суроғаи омӯзишгоҳ: Душанбе, кӯчаи Турдиев 42 Телефонҳо: 442-81-13, 442-81-15








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






