ШАРИКИ НАВИ СТРАТЕГӢ ДАР РУШДИ СОҲИБКОРӢ

Февраль 9, 2009 14:26

                  Душанбе, 9 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Санаде, ки 5 сол амал накард аз нав қабул ва ба тасвиб расид.                 Сухан дар бораи созишномае меравад, ки соли 2004 аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Исломободи Покистон ба имзо расида буд.                 Қабул шудани ин ҳуҷҷат аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар шароити хеле мушкили бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ талаботи давру замон ва пайдо кардани шарики стратегии ба аҳдашон устувор дар ростои шарикони стратегии забонӣ мебошад.                 Коршиносон қабули Созишномаро аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манфиати рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба ҳарду ҷониб манфиатнок аст, аз васеъ шудани доираи сиёсати хориҷии Тоҷикистон медонанд.                 Покистон яке аз он кишварҳоест, ки ҳанӯз соли 1996 барои сармоягузорӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда буд. Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамчунин ба сохтмони корхонаҳои коркарди пашм, пӯст, сангҳои қимматбаҳо ва сементи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дорад.

Февраль 9, 2009 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид