ШУМОРАИ НАШЪАМАНДОН ДАР МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АФЗУД

Февраль 23, 2009 16:17

               Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз рӯи маълумоти раёсати назорати маводи нашъадори СММ дар Осиёи Марказӣ, шумораи нашъамандон дар мамлакатҳои минтақа айни ҳол аз 280 ҳазор нафар ҳам зиёд аст. Дар Ӯзбекистон 130 ҳазор, дар Қазоқистон 100 ҳазор, дар Қирғизистон 26 ҳазор ва дар Тоҷикистон 23 ҳазор бемори нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора дар маълумоти роҳбари раёсати назорати маводи нашъадори СММ дар Осиёи Марказӣ Ҷеймс Каллахон сухан меравад.                Ба қавли ӯ, сабаби афзудани нашъамандон дар Осиёи Марказӣ ба он вобаста мебошад, ки мамлакатҳои минтақа бо Афғонистон ҳамсарҳад буда, қисми зиёди маводи нашъадори ин мамлакат ба воситаи қаламрави мамлакатҳои Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Соли 2007 дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳамагӣ 98, 8 ҳазор нашъаманд ба қайд гирифта шуда буд.  

Февраль 23, 2009 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ