ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОР

Февраль 23, 2009 16:17

                    Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Рӯзҳои истироҳати гузашта дар шаҳри Душанбе ярмаркаи навбатии ҷойи кору вазифаҳои холӣ баргузор гардид. Онро биржаи меҳнати Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилӣ ташкил намуданд.                      Сардори раёсати умумии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо кор таъмин кардани аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Ҷабборов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ба туфайли ярмарка 300 нафар соҳиби кори доимӣ гардид. Теъдоди зиёди ҷавонони бекор барои таҳсил ба курсҳои кӯтоҳмуддат фиристода шуданд.                    Дар ярмарка намояндагони 86 корхонаю муассиса қариб 5 ҳазор ҷойи кору вазифаҳои холиро пешкаши бекорон намуданд.                     Дар ярмаркаи мазкур ба 70 нафар барои кор дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия роҳхат дода шуд.

Февраль 23, 2009 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд