ҚОНУНИ НАВИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ ҚАБУЛ ШУД

Март 6, 2009 09:00

                    Душанбе, 6  март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-5 март Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро қабул кард.                     Масъалаи мазкурро вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ тавзеҳ дода гуфт, ки қабули қонуни нав дар шароити кунунӣ зарурати ҳаётӣ ва тақозои давру замон аст. Он татбиқи сиёсати ягонаи давлатро дар бахши озодии виҷдон, эътиқодӣ динӣ, муҳаё сохтани фазои озодии виҷдон ва эътиқод, аз ҷумла андешаи диниро таъмин менамояд.                   Таҳияи қонуни мазкур ду сол қабл оғоз гардида, он бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар муҳокима шуд.                    Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур ҳанӯз 18 сол муқаддам, аниқтараш 8 декабри соли 1990 қабул гардида буд. Аз ин рӯ, дар ин муддат дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, хусусан дар фазои андешаи динии кишвар.Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гардид.                   Қонуни мазкур аз 8 боб ва 36 модда иборат буда, давлати дунявӣ будани Тоҷикистонро инъикос менамояд.  Моддаи чори қонун тартиби бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ ва моддаи 11 бошад ташкили масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаро дар бар мегирад. Алҳол, дар ҷумҳурӣ 259 масҷиди ҷомеъ, 2983 масҷидҳои панҷвақта ва 18 ташкилоти динӣ фаъолият менамояд, ки аз озодии виҷдон ва фаъолияти густурдаи иттиҳодияҳои динӣ дар кишвар шаҳодат медиҳанд.

Март 6, 2009 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад