БИНОҲОИ 4 ВА 5-И СИЛСИЛАБИНОҲОИ «ПОЙТАХТ-80» БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 30 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи ба комиссияи давлатии қабул оид ба истифодабарӣ тайёр намудани биноҳои 4 ва 5 -уми силсилабиноҳои маҷмааи манзилии «Пойтахт-80» зимни мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо муовини сардори Департаменти сохтмонии шаҳри Москва Дмитрий Коробов баррасӣ шуд. Зимни мулоқот мусоҳибон ҳамчунин оғози корҳои сохтмониро дар биноҳои 2 ва 3-юми ин иншоот баррасӣ карданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки баъди аз ҷониби фармоишгари иншоот ҶММ «Жилкапинвест» ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар биноҳои 4 ва 5-ум тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти шаҳри Душанбе имкон дорад, ки санади марбутаро доир ба таъсиси комиссияи давлатии қабул ба имзо расонад. Дар мулоқот ҷиҳати назорат ва вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншоот тибқи муқаррароти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






