ГВИНЕЯ – БИСАУ БАЪДИ КУШТОРИ ПРЕЗИДЕНТ

Март 4, 2009 11:38

               Бисау, 4 март (АМИТ «Ховар» — Евронюс). — Тавре хабар дода шуда буд, рӯзи душанбе бар асари таркиш ва ҳуҷуми низомиён ба қасри президенти Гвинея — Бисау сардори ситоди қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва сардори давлати он кушта шуданд. Намояндаи расмии артиши мамлакат Замур Индута баъдан ба хабарнигорон гуфт, ки куштори сардори ситоди қувваҳои мусаллаҳ ва президент ба ҳамдигар ягон алоқа надоранд. Куштори сардори давлатро табаддулоти давлатӣ номидан лозим нест. Сарвазир Карлос Гомес Ҷуниор зикр кард, ки барои муҳокимаи вазъият машварати ҳукумат ва роҳбарияти қувваҳои мусаллаҳ гузаронида шуд. Мо метавонем якҷоя вазъияти бӯҳрониро бартараф созем, гуфт вай.               Дар Гвинея — Бисау барои поси хотири президенти ҳалокшуда, мотами 7 рӯза эълон карда шуд. Мувофиқи Қонуни асосии Гвинея — Бисау ваколатҳои сардори давлат баъди ҳалокати он ба зиммаи раиси Ассамблеяи миллӣ Раймундо Перейра гузошта мешавад. Вай дар давоми 60 рӯз бояд интихоботи президенти нави мамлакатро баргузор созад.

Март 4, 2009 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ