КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯРО МЕОМӮЗОНАНД
Душанбе, 13 марта. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо мақсади такмил додани сатҳи дониши касбии кормандони вазорат ва мақомоти маҳаллии молия дарсҳои омӯзиши иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, баргузории ин гуна омӯзишҳо, ки дар давоми сол гузаронида мешаванд, ба баланд бардоштани малакаи кории кормандони соҳаи назорати давлатии молиявӣ, андоз, андозбандӣ, хазинадорӣ ва танзими қарзҳои беруна мусоидат хоҳанд кард. Бояд қайд намуд, ки дар ин бора фармони махсуси вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов низ ба тавсиб расидааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






