МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО А. ШЕЪРДӮСТ
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба наздикӣ бо ҳадафи иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту ҳамзабон сурат мегирад, баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар ғайр аз иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) аз чанд минтақаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидан карда, ба роҳу воситаҳои нави густариши ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии ду кишвар заминагузорӣ хоҳад кард. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Эрон метавонанд баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ тадбирҳои судманди муштарак тарҳрезӣ намоянд. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба рафти сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ва татбиқи дигар лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






