МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО О. ЗАРДОРИ
Дар доираи баргузории Мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот кард, ки зимни он такони нав додани муносибатҳои ду давлат зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб бояд аз имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ ба хубӣ истифода баранд, аз ҷумла баҳри бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ миёни ду кишвар. Ифтитоҳи роҳу пулҳои нав миёни Тоҷикистону Афғонистон бо пайвандӣ ба Покистон ва кушода шудани минтақаҳои озоди иқтисодии Панҷ ва Ишкошими Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷӯҳ барои густариши робитаҳои иқтисодӣ қарор гирифт. Эҳё намудани робитаи мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳо, фарҳанг ва туризм зарур шумурда шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷоннок гаштани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Тоҷикистон метавонанд таконбахши муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст гарданд. Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин атрофи авзои сиёсию иҷтимоии Афғонистону Покистон ва муборизаи муштарак бо хатари терроризму экстремизм сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Теҳрон иттилоъ дод.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






