МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕКИН БО ДОНИШҶӮЁНИ ЧИНӢ

Март 4, 2009 11:38

                     Душанбе, 4 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов 3 март бо донишҷӯёни Донишкадаи фарҳангу ҳунари аққалиятҳои миллии Пекин мулоқот кард. Дар байни донишҷӯён намояндагони тоҷикони сокини Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур низ буданд. Тавре ки маълум аст, дар ин ноҳия қариб 35 ҳазор тоҷик зиндагӣ мекунад.                     Сафир зикр намуд, ки ду моҳ пеш 17 солагии муқаррар гардидани муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин таҷлил карда шуд. Ҳамкории ҳар ду кишвар солҳои охир босуръат густариш меёбад.                      Р.Олимов афзуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Чин чандин маротиба афзуд. Маблағи он дар соли 2008 ба як миллиарду 250 миллион доллари ИМА расид. Айни ҳол дар Тоҷикистон молҳои теъдоди зиёди корхонаю ширкатҳои Чин фурӯхта мешаванд. Ҳар ду кишвар дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, сохтмон, энергетика, алоқаи телефонӣ, кишоварзӣ ва саноати бофандагӣ бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ дар Тоҷикистон роҳҳои нави мошингард, кӯпрукҳо, туннелҳо ва хатҳои интиқоли барқ сохта мешаванд, гуфт сафир.                                                                                                                                                     Тарҷумон — Қудратов А. 

Март 4, 2009 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад