НИСБАТИ СОЛИ ГУЗАШТА КИШТ ЗИЁД АСТ

Март 4, 2009 10:48

                     Душанбе, 4 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, нақшаи кишти баҳорӣ дар соли 2009 ба 134 ҳазору 170 гектар расонида мешавад.                     То 2-юми марти соли ҷорӣ дар майдони 29 ҳазору 634 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Дар ин муддат дар майдони 13 ҳазору 888 гектар заминҳои обӣ кишти баҳорӣ гузаронида шудааст.                     Ҳамчунин, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) майдони 52 ҳазору 73 гектар заминҳои кишти тирамоҳиро бо ғизо таъмин намуданд.                     Кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон ба 38 ҳазору 211 гектар расонида шудааст, ки баробари 53,5 фоизи нақша мебошад.

Март 4, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид