ОЗМУНИ «МОЛҲОИ БЕҲТАРИНИ СОХТИ ТОҶИКИСТОН»

Март 12, 2009 15:04

                   Душанбе, 12 март (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар маҷлиси муштараки сеюми роҳбарону намояндагони иттиҳодияи «Тоҷикматлубот», агентии «Тоҷикстандарт», роҳбарони ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои тадқиқотии минтақавӣ ва бозорҳои вилояти Суғд масъалаҳои танзими фаъолияти бозорҳо, беҳтар намудани хизматрасонӣ дар бозорҳо ва қонеъ гардондани талаботи харидорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маҷлиси мазкур дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Директори Агентии «Тоҷикстандарт Давлаталӣ Ҳотамов дар бораи фаъолияти агентӣ ва беҳтар сохтани фаъолияти бозорҳо, инчунин масъалаҳои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти бозорҳо, пешгирии ба фурӯш баровардани маҳсулоти пастсифат ва ҳифзи ҳуқуқи харидорон сухан ронд.                   Дар маҷлис ба роҳбарони ҳамаи бозорҳои вилояти Суғд китобчаҳои «Стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасонии бозорҳо» тақсим карда шуд. Иштирокчиёни маҷлис бо талаботи умумии стандартҳо шинос карда шуданд. Ба онҳо дастур дода шуд, ки стандардҳои муқарраршударо ҳатман риоя намоянд.                   Баъдан роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии молҳо, маҳсулоти пастсифат, истеҳсоли ғайриқонунии баъзе намуди молҳо, кушодани озмоишгоҳҳои махсус барои санҷиши озуқа, додани сертификати маҳсулот ва беҳтар сохтани сифати хизматрасонӣ табодули назар карда шуд.                  Дар фарҷоми маҷлис хабар дода шуд, ки бо мақсади беҳтар сохтани сифати молҳои истеҳсоли ватанӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони мол дар мамлакат бори аввал озмуни «Молҳои беҳтарини сохти Тоҷикистон» гузаронида мешавад.

Март 12, 2009 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст