РОҲБАРИ БУНЁДИ АБӮҲАНИФАИ РУСИЯ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ Н

Март 13, 2009 09:56

                        Маскав, 13 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар саҳифаи иттилоотию таҳлилии интернетӣ мактуби раиси Шӯрои уламо, мудири иҷроияи Бунёди Абӯҳанифаи Русия ҳазрати Дамир Муҳиддинов таҳти сарлавҳаи «А сри ХХ1 — асри Имоми Аъзам Абӯҳанифа» ҷой дода шудааст.                        Муаллифи нома роҳбарони давлату мамлакат ва халқҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистонро даъват менамояд, ки ба Тоҷикистон пайравӣ намуда, мазҳаби ҳанафиро ҳамчун таълимоти расмии динӣ қабул намоянд. Хабар дода мешавад, ки қабл аз ин ҳазрати Дамир Муҳиддинов ба унвони роҳбарон ва шаҳрвандони Тоҷикистон мактуб фиристода, онҳоро ба муносибати таҷлили 1310 — солагии Имоми Аъзам табрик карда буд.  

Март 13, 2009 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш