РОҲИ ХАЛОСӢ АЗ ҚАРЗҲО ВУҶУД НАДОРАД

Март 13, 2009 10:49

                   Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори корхонаи фаръии системаи обёрикунии ноҳияи Ҳисор Исматулло Раҳматов, корхонаи мазкур 13 хоҷагии дар ҳудуди ноҳия фаъолият доштаро бо об таъмин менамояд.                   То имрӯз қарзи хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор аз хоҷагии об зиёда аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ноҳия танҳо хоҷагии ба номи Латиф Муродов аз хоҷагии об қарздор нест. Хоҷагии «Баракат» бошад, дар аввали сол ба ҷои пардохти маблағи қарзӣ ба корхонаи фаръии системаи обёрикунии ноҳия 20 тонна сӯзишвории дизелӣ дод.-Ба гуфти Исматулло Раҳматов имрӯз роҳи пурраи халосӣ аз қарздорӣ вуҷуд надорад,- аммо сол дароз аст, умед дорем хоҷагиҳо қарзро як рӯз не, як рӯз мекананд.                     Ногуфта намонад, ки корхонаи фаръии системаи обёрикунии ноҳияи Ҳисор аз андоз 151 ҳазор сомонӣ қарздор аст ва ин корхона қарзи худро кай пардохт мекунад, ин ҳам алҳол маълум нест.

Март 13, 2009 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд