ТОМАС МАРКЕТ БО СУДЯҲОИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶТ ВОХӮРД
Душанбе, 14-уми март, (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Дар Душанбе вохӯрии муовини Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мустафо Назаров ва судяҳои Суди конститутсионӣ ҶТ бо муовини котиби иҷроияи Комиссияи Венетсиягии Иттиҳоди Аврупо Томас Маркет баргузор гардид. Ин ҷамъомад дар доираи Барномаи ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, доир шуд. Зимни мулоқот Томас Маркет иброз намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Комиссияи Венетсиягии Иттиҳоди Аврупо ин дастгирӣ ва ёрии ҳамаҷониба расонидан ба Судҳои конститутсионии давлатҳои Ҷаҳон бо мақсади инкишофи адолати башарӣ дар соҳаи риояи ҳуқуқи инсон буда, дар ин раванд пайваста чорабиниҳои гуногунро ба амал мебарорад. Аз ҷумла, Томас Маркет оид ба ҷидду ҷаҳди якҷояи Комиссияи Венетсиягӣ ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ , ки 22-24 январи соли равон дар шаҳри Кейптауни ин ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Адолати конститутсионӣ» Конференсияи якуми умумиҷаҳонии Судҳои конститутсионӣ баргузор гардида буд, сухан кард. Вай қайд намуд, ки иштирокчиёни конференсия ба хулоса омаданд, ки адолати конститутсионӣ восита ва далели бебаҳси устувор намудан ва такомул бахшидан ба арзишҳои асосии дар Конститутсияҳои давлатҳои Олам таҷассумёфта буда, он дар асоси фаъолияти судҳо ва шӯроҳои конститутсионӣ амалӣ мегардад ва санадҳои қабулнамудаи онҳо дар ҷамъият аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар ин конфронси бонуфуз муовини Раиси Суди конститутсионӣ Мустафо Назаров аз ҷумҳурии мо ширкат карда буд. Ба гуфти М.Назаров дар ин Конференсияи ҷаҳонӣ, ки зиёда аз 400 нафар 93 давлатро намояндагӣ мекарданд бисёр муҳим ва муфид арзёбӣ кард. Томас Маркет омодагии Комиссияи Венетсиягии Иттиҳоди Аврупоро дар самти ҳамкорӣ ва саҳм гирифтан дар табодули таҷрибаи судяҳои Суди конститутсионӣ бо Судҳои конститутсионии таҷрибадори ҷаҳон ва гузаронидани форуми минтақавӣ бо ҷалби коршиносони Комиссияи мазкур иброз намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






