Қ. РАСУЛЗОДА БАРОИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ 2,5 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҶУДО КАРД
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷиҳати ҷудо намудани маблағ бо мақсади таъмиру тармими ҳаммоми парваришгоҳи наздимактабии №2-и ноҳияи Ашт, суръат бахшидан ба корҳои сохтмону васлкунии иншооти варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Хуҷанд, таъмири бинои муассисаи давлатии ТВ «Сафина» дар маркази вилоят ва барои дӯзонидани сарулибоси саҳнавӣ ба раққосагону ҳофизони дастаҳои ҳунарӣ, якчанд қарор ба тавсиб расонид. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи қарорҳои мазкур сарраёсати молияи вилоят вазифадор шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои соҳаи маорифи буҷети вилоятӣ барои соли 2009 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 50 ҳазор сомонӣ ирсол намояд. Ин маблағ барои таъмир кардани парваришгоҳи наздимактабии №2-и шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт масраф мегардад. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети вилоятӣ барои таъмиру тармими бинои муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар вилоят 30 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд. Бо мақсади омода намудани либосҳои саҳнавӣ барои раққосагону ҳофизони дастаҳои ҳунарӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети вилоятӣ ба ҳисоби муассисаи давлатии вилоятии «Кохи фарҳанг»-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 10 ҳазору 136 сомонӣ ҷудо гардид. Мувофиқи қарори дигари раиси вилояти Суғд барои вусъат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ ва васлкунии варзишгоҳ барои 25 ҳазор нафар ҷойи нишаст дар шаҳри Хуҷанд 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






