ЮСУФУ ЗУЛАЙХО БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД?
Душанбе, 25 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати қаҳрамонҳои филми бисёрсериягии «Юсуф — паёмбар» таҳти роҳбарии коргардони филми мазкур Фараҷҷӯлоҳи Салоҳшӯр ба Душанбе меояд. Дар ин хусус, масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.